20 СОЛИ ВАҲДАТ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ

 

  u19a5274     Агар бо эълони Истиқлолияти давлатӣ ва дар сатҳи Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ пайдо намудани бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар кишвари мо ҳуқуқ ва қонун мазмуну муқаррароти нав пайдо карда, ба ҷузъи муҳими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар низоми нави давлатдорӣ ва шароити хоси соҳибихтиёриву истиқлолият табдил ёфта бошанд, бо расиданн ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ муҳити созгори татбиқи меъёрҳои қонун ва ҳифзу риояи ҳуқуқҳои инсон шакл гирифтанд.

             Расидан ба вахдати миллӣ, дар маҷмӯъ ҳамаи самтҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятиро ба марҳалаи созандагӣ ва эҳёву рушди устувор ворид намуд. Агар ба таъсири ин падидаи хушбинкунанда ба низоми ҳуқуқӣ ва фазои қонунии мамлакатамон нигоҳ кунем, дар ин самт низ ҳанӯз соли 1997 аввалин қадамҳои мақсаднок гузошта шуданд. Зеро
роҳбарияти олии кишвар амиқ дарк намуда буданд, ки устувории пояҳои вахдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба неруи шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқи соҳибмаърифат ва низоми қонунии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар марҳалаи нави таърихӣ вобастагии зиёд дорад.

         Ҳамин тавр, 22 августи соли 1997 таҳти рақами 383 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ» ба тасвиб расид, ки асоси ташкилӣ-ҳуқуқии маҷмӯи чорабиниҳои хусусияти омӯзишӣ – таблиғотидоштаро фароҳам овард. Ҳамчун идомаи мантиқии ин иқдом дар шароити торафт тақвият ёфтани асос ва бунёди ваҳдати миллӣ солҳои минбаъда баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолиро давлати Тоҷикистон ҳамчун за­минаи мустаҳками таъмини рушди миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навин қарор дода, дар ин бахш чандин фармону барномаҳоро ба тасвиб расонд, ки ҳадафу моҳияти аслии онҳоро баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон ва парвариши ҳисси эҳтиром нисбат ба волоияти қонун дар бар мегирифт.

    Агар таърихи мавҷудияти судҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ду марҳала — то эълони ваҳдати миллӣ ва даврони баъд аз расидан ба ваҳдат тақсимбандӣ намо­ем, бармало равшан мегардад, ки маҳз пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти судҳои кишвар тағйироту пешрафтҳои зиёд рӯй доданд. Агар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 саҳифаи наверо дар таърихи мақомоти судии кишвар боз намуда бошад, дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ 26 сентябри соли 1999, яъне зимни татбиқи талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки барои ҳокимияти судиро аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардан асо­си қонунӣ гузоштанд. Ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ, ки бо мақсади заминасозии ҳуқуқии раванди сифатан нави рушд ва мукаммалгардонии низоми қонунгузории миллӣ анҷом пазируфт, мақом ва эътибори низоми мақомоти судии кишварро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшид, ки бевосита самараи ваҳдату ризоияти ҳамагонӣ ба ҳисоб меравад.

          Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллист, ки имрӯз суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дорост. Мустақилона, босалоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низо­ми судии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки адолати судӣ ба маънии томаш таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуқи шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи пойдории мақомоти судии киш­вар падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.

              Ҷараёни дигаргунсозиҳо ва тағйироти мусбате, ки дар давоми 20 соли пойдории ваҳдати миллӣ дар самти таҳкими асосҳои ҳокимияти давлатӣ, афзудани қобилияти истеҳсолӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, муҳайё намудани зиндагии шарофатмандонаи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардош­тани эътибори байналмилалии Тоҷикистон бо такя ба низоми қонунманди ҳуқуқӣ ташаккул ёфт, аз нигоҳи қазовати таърих зуҳуроти барҷаста ва арзишманд мебошад.

Раиси суди ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе
Рушанзода С.Р.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Тақвими рӯз

Июнь 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара