Ҳампешагони азиз, ҳамватанони гиромӣ!

      u19a5267Ҳамаи Шумо ба хуби медонед, ки забон рукни муҳими пойдори ва муқаддастарин арзиши маънавии миллат ба ҳисоб меравад.

         Боиси ифтихори бузурги ҳамаи мост, ки 5 октябри соли 2009 бо иқдоми бузург ва ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дода шуд, ки ин  амал заминаи мустаҳками қонуни ва асоси устувори ҳуқуқиро барои баланд бардоштани мақом ва доираи истифоди забони миллии мо фароҳам овард.

         Инсон бо воситаи забои фикри худро баён мекунад. Бинобар ин нақши забон дар ҳаёти инсон калон аст. Одамон бо воситаи забон фикри худро ба ҳамдигар баён менамоянд. Забони модарии ҳар шахс барои ӯ муқаддас мебошад. Дуруст донистани забон ва бехато ифода кардани фикр яке аз нишонаҳои маърифату маданият ба шумор меравад. Махз аз ин сабаб аст, ки инсоният ба қадри забон ҳамчун неъмати бебаҳо расида, халқу миллатҳои гуногун бузургии онро пос медоранд. Забони ҳар миллат вобаста ба шароити зиндагӣ, расму анъана ва таъриху маданияти он инкишоф ёфтааст. Қадри забонро соҳибони он, яъне онҳое, ки бо ин  забон сухан мегӯянд, баланд мебардоранд. Забон вобаста ба тарақкиёти ҷамъият инкишоф меёбад ва ба шароитҳои хоси таърихи худро мутобиқ месозад.

      Агар шахс нисбат ба забони худ беэҳтиромӣ кунад ва ё онро ба хубӣ надонад, пас ӯ нисбати дирӯз ва фардои миллати худ бепарвост. Миллати тоҷик дар тӯли асрҳо бо забони ширини худ ифтихор дорад. Бо ин забон садҳо адибони намоёни адабиёти классикӣ ва адабиёти муосири халқи тоҷик асарҳои баландмазмун эҷод карда, қадру мартабаи забони модарии моро дар сатҳи ҷаҳон баланд бардоштаанд.

        Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Чунин эътибори баланди конститутсионӣ гувоҳи равшани боло будани мақоми ҳуқуқии забони давлатии мост.

      Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати Рӯзи забои таъкид доштанд:

«Имрӯз мову шумо Рӯзи забонро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ дар замони давлатдории миллӣ таҷлил менамоем.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.»

        Бо назардошти ин гуфтаи Пешвои миллат дар доираи ислоҳоти судӣ доираи истифодаи забони давлатӣ дар мақомоти судии мамлакат пурра васеъ гардида, тамоми раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ бо риояи талабот ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст.

      Кормандони макомоти судӣ ҳамчун соҳибони боифтихори забони миллӣ ба покизагии забони давлатӣ эҳтироми доимӣ гузошта, шукри неъмати истиқлолро мекунанд, зеро фазои соҳибихтиёрӣ ба забони тоҷикӣ шукӯҳу эътибори баланд бахшида, нақши онро дар ҳаёти ҷамъиятӣ мустаҳкам ва устувор намуд.

      Рӯзи забони тоҷикиро ба ҳамаи Шумо ва тамоми соҳибзабонон самимона таҳният гуфта, орзу мекунам, ки он дар марҳалаи нави таърихӣ ҳамеша сарчашмаи ифтихор ва асоси рушду пешравии давлат ва миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ бошад.

 

Раиси суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

Лунный календарь зачатия http://kalendarnagod.ru/lunnyj-kalendar-zachatiya-na-avgust-2018-goda/ . Август 2018 года

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Тақвими рӯз

Сентябрь 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара