Қ О Н У Н И Т А Н З И М Дар паси ҳар ҳарфу ҳиҷои он манфиат аст

u19a5267    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз қабули он 8 июни соли ҷорӣ даҳ сол пур мешавад, падидаи боарзиш ва дастоварди намоёни низоми ҳуқуқэҷодкунии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Он аввалин қонуни миллист, ки дар таърихи қонунгузории мамлакати соҳибихтиёрамон таҳия ва ба тасвиб расидааст.

         Дар моддаи 1 — и қонун, аз ҷумла омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат ба­рои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст».

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускор ва тасмимгирандаи асосии таҳияи лоиҳаи қонун ва мавриди амал қарор гирифтани он маҳсуб меёбанд, ҳанӯз зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат, 24 майи соли 2007 гуфта буданд: «Дар айни замон мо бояд як нуқтаро донем, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

        Аз он сабаб қонуни танзим мақоми миллиро гирифт, ки шаҳрвандони ватандусту соҳибташаббуси кишвар маърифати баланди ҳуқуқӣ ва фаъолнокии афзояндаи сиёсӣ нишондода дарк намуданд, ки таҳияву қабули ин санад ҷанбаи илмиву мантиқии қавӣ дошта, аз нигоҳи зарурат ва моҳият саривақтию ҳадафманд мебошад.

        Танҳо кофист хотиррасон на­моем, ки ин қонуни миллӣ дар таърихи қонунгузории кишвар ба ҳайси зуҳуроти тақдирсоз дониста шуда, бо ҳамраъйиву дарки рисолати ватандӯстӣ лоиҳаи он тӯли ду моҳ мавриди баррасии умумихалқӣ қарор гирифт. Зимни он назару мулоҳизаҳои қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба инобат гирифта шуданд. Аз он дидгоҳ, ки ислоҳоти ҳуқуқии такмил додани низоми қонунгузории амалкунанда ҳақиқати воқеӣ ва нуқтаи баҳснопазир аст, мо бо мавриди амал қарор додани меъёрҳои нави ҳуқуқӣ метавонем расидан ба раванди сифатан нави рушд ва зинаи болотари тараққиётро имконпазир гардонем. Бинобар ин, қонуни миллӣ номидани ин санадӣ қонунӣ аз ҳар нигоҳ асоснок аст, чунки Сарвари муаззами давлат пеш аз қабули он бо зиёиёни кишвар ду дафъа вохӯрӣ доштанд.

         Ғоя ва мазмуну муҳтавои матни қонун аз домони мушкилоту муаммоҳои зиндагии иҷтимоии мардум сарчашма гирифта, моҳияту таъйиноти аслии он ёрӣ, ҳифз ва дастгирии хамаҷонибаи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардуми киш­вар тавассути фароҳам овардани заминаи созгору мусоиди меъёрӣ — ҳуқуқист. Мутобиқати мазмуни муқаррароти ин санади қонунӣ ба хосиятҳои ҷомеадории демократӣ ва гузашта аз ин, ба арзишҳои суннатии милливу фарҳангӣ ва диниамон низ пурра зоҳир мегардад.

 

Раиси суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

 

Источник: unsofted.ru

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Тақвими рӯз

Июнь 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930  

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара