ҚОНУН пушти ҳар ҳарф таъмини волоияти он ниҳон аст.

u19a5267Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳими барномавӣ ба шумор рафта, чун паёмҳои солҳои пешин мавзўъҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, рушди миллӣ ва бақову сарнавишти давлату миллатро дар марҳилаи имрўза ва оянда дар бар мегирад.

Чун солҳои пешин мавзўъҳои вобаста ба ҳуқуқ ва қонун дар Паёми навбатии Пешвои миллат низ ҷойгоҳи намоён дошта, дар ин замина, аз ҷумла чунин тазаккур дода шуд: «Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгўйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондўстӣ бошанд. Яке аз иқдомоти муҳим дар ин самт якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид намудани тағйиру илова ба шаш қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки аз ҷониби сокинони мамлакат дастгирӣ ёфт».

Дар ҳақиқат бурду бохти давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандие, ки аз сатҳи такмилёфтаи инкишофи ниҳодҳои демократӣ бархўрдор аст, дар паси ҳар ҳарфи қонун, таъмини волоияти он ниҳон аст. Аз ин ҷост, ки вақте ягон навъ самти нави муносибат, уфуқи тозаи фаъолиятро роҳандозӣ карданӣ мешаванд, пеш аз ҳама заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии онро фароҳам меоваранд.

Мо кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти ҳамарўзаи хизматии хеш таъкидҳои Сарвари давлатро дар хусуси таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сармашқи кори худ қарор дода, бо масъулияти баланд, дарки муқаддасоти касбӣ тамоми азму талоши лозимро анҷом хоҳем дод, то эътимоди мардум ба низоми ҳуқуқии давлат доимо боло бошад. Меъёри адолати судӣ ҳамеша тантана кунад ва ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ устувору побарҷо ва бегазанд боқӣ монад.

Бо ин роҳ метавонем дар раванди рушди миллӣ, саодати мардум, расидан ба ояндаи дурахшон, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон саҳм гузорем. Боварии мардумро ба фардои наку ва тараққиёти кишварамон, инчунин, таъмини зиндагии шарафмандонаи аҳолии мамлакатамон қавӣ гардонем.

Дар ин ҷодаи пурифтихор Паёми Пешвои миллат барои мо маромномаи ҳадафрас аст. Зеро Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ чун барномаи мукаммали раҳнамунсоз барои сафарбарии миллӣ ба нафъи инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, суръат бахшидан ба раванди дигаргунсозиҳои демократӣ ва инфрасохторӣ ба шумор меравад.

Басо муҳим ва ҳалкунанда аст, ки намояндагони касбу кори гуногун, тамоми табақаҳои ҷомеа дар татбиқи талаботи Паёми Сарвари давлат фаъолу намуна бошанд, фаъолияти худро дар арсаҳои гуногун мутобиқ ба он тарҳрезӣ ва содиқонаву пайгирона амалӣ созанд. Танҳо дар ин ҳолат мо метавонем сарҷамъона, якдилу яктан шуда, пояҳои Истиқлолияти давлатиро қуввату устувории бештар бахшем, шукўҳу эътибори кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардорем ва ҳамчун ворисони фарҳангу тамаддуни оламшумул миллати шоиста ва сарбаланд будани хешро бори дигар собит намоем.

Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

                 Рушанзода Суҳроб Рушан

Тақвими рӯз

Октябрь 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара