Такмили Қонун Ниёзи замон ва хостаҳои мардум

u19a5267Мушоҳида мегардад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварамон торафт боло рафта, фаъолнокии сиёсии онҳо афзуда истодааст, ки натиҷаи тадбирҳои андешидаи роҳбарияти олии мамлакат ва ниҳодҳои дахлдор дар самти демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Исботи ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва сартосарии мардум дар ҷараёни баррасиҳои озоду шаффофи такмили муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Аслан, ин санади қонунӣ ба ҳайси аввалин қонуни миллӣ дар таърихи қонунэҷодкунии замони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ба як падидаи арзишманди ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати такдирсози ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии аҳли ҷомеа табдил ёфта, аҳамияти сиёсии он низ барҷаста ва намоён аст.

Ҳақиқати яқин аст, ки андешаи таҳия ва қабули чунин қонуни роҳнамову чорасоз маҳсули тафаккури хирадмандона ва оянданигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мӣллӣ — Пешвои миллат, Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро Пешвои миллат бо назардошти мушкилоти зоҳирпарастӣ ва зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо, ки бори зиндагии иҷтимоии мардумро сангин намуда буд, роҳи ислоҳи ин вазъ ва сабук сохтани рӯзгори мардумро дар танзими ин бахши ҳаёти ҷамъиятӣ тавассути истифодаи василаи қонунии он диданд.

Гузашти даҳсолаи ин икдом ва ташаббуси бузургу қисматсози Пешвои муаззами миллат нишон дод, ки як масири оқилонаи танзи­ми қонунии мушкилоту печидагиҳои анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, ки на танҳо дар дохили мамлакатамон ҳамраъйиву ҳамовозии пурра пайдо намуд, балки дар сатҳи кишварҳои хориҷӣ низ мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифт. Зеро идеяи роҳандозии ин санади миллӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст. Аммо ҳар ҳарфу сатри қонуни танзим садои қалбу хоставу писандидаи мардуми бедордилу огаҳназари Тоҷикистон мебошад, ки даъвати Сарвари хешро бо нишони ҳамдилӣ содиқонаву самимона пазируфтанд ва онро роҳи наҷот аз вартаи бенизомиву хатокорӣ дар ташкилу гузарондани ҷашну маросимҳои миллӣ қабул намуданд.

Таҷрибаи маъмул аст, ки ҳар санади қонунӣ вобаста ба гузашти давр, тағйироту таҳаввулоти ҳаёти ҷамъиятӣ ва ниёзи замон такмил ёфта, посухгӯи эҳтиёҷоти рӯзмарра ва ояндаи мардум мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ дар доираи ҳамин назарияи илмӣ бо сипарӣ шудани муҳлати даҳ сол аз қабулу мавриди амал қарор доштани он бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои нави аҳолӣ ба такмил зарурат пайдо намуд. Хусусан, мутобиқи тағйироти ба наздикӣ воридшуда нисбат ба баргузории маросими дафну азодорӣ сабукии хеле назаррас мавриди амал қарор гирифт. Чунки қаблан оилаҳои гирифтори мусибат, ки ягон шахси наздики худро аз даст дода буданд, бар замми таҳаммули мотаму андуҳи ба сарашон омада, бори сангини дигар — ташкили маъракаву додани таомро ба дӯш мегирифтанд, ки ба ягон қолаби фаҳмишу муносибати ахлоқӣ ва инсонӣ рост намеояд. Аз диди равонӣ низ шахси мотамзада бештар ба таскину таслият ва ҳамдардиву ғамшарикӣ эҳтиёҷ дорад, на ин ки мурдаву, азодории худро монда, дар фикру ташвиши дарёфти маблағу хариди бозору оростани хони маъракаҳои «се», «чил», «сол» ва ғайра бошад.

   Дар таҷрибаи фаъолияти хизматии судӣ низ борҳо шоҳиди он будем, ки ҳангоми ташкилу гузарондани маъракањои хонадоршавӣ харҷи зиёдатӣ ва бемеъёр, ки гоҳо бо маблағҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд, сабабгори барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон, баҳсҳои судӣ сари тақсими моликият, маблағҳои пулӣ, маскун намудан дар манзили истиқоматӣ ва ғайра мегардиданд. Бинобар ин, тағйиру иловаҳои воридгардида зарурати ҳаётӣ ва тақозои замон буда, аслу решаи онҳо роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо, манъи баъзе маросимҳо бо мақсади беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, пешгирӣ ва кам кардани хароҷоти барзиёд ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад.

Рӯ овардан ба қудрати қонун дар ҳалли мушкилоти мубрами зинда­гии аҳли ҷомеа шеваи амали хосси мардуми накузамир ва поктинат аст. Шаҳрвандони сарфарози Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ин роҳ боз як қадами ҷиддӣ барои раҳоӣ аз чанги таассубу хурофот гузошта, азм намуданд, ки бо навҷӯиву тозакорӣ ба сӯи саодати фарогиртари миллӣ ҳаракат хоҳанд намуд.

Раиси суди ноҳияи Синои

 шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

this page: http://kyrstore.com

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Тақвими рӯз

Май 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара