ПАРЧАМ РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ МИЛЛАТ.

u19a5314Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии хеш соли  1991 дар як вазъияти муташанниҷу сиёсӣ тавонист дар як  мудати кўтоҳ соҳиби рамзҳои давлатии худ гардад, ки он нишон аз давлату давлатдорӣ ва аз соҳибистиқлолии миллати хеш мебошад. Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ мебошад, ки давлатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, исботкунандаи  соҳибистиқлолии ҳар як давлат мебошад, ки дар раванди ба даст овардани он ҳазорон родмардон ва шахсиятҳои шоистаи таърихӣ ҷони худро нисор намуда, барои ҳифз ва пояндаву парафшон нигоҳ доштани ин матои муқаддас тамоми имкониятҳои худро сафарбар намудаанд. Чунки саҳифаи дурахшони таърихи тоҷик Темурмалик, Спитамен ва Восеъву дигар қаҳрамонҳоро сабт намудааст, ки ҳар яки онҳо муборизаи озодихоҳонаи худро зери парчами миллии худ ба амал бароварда, дар роҳи ҳифз ва эъмори давлати миллии худ, парфишону поянда нигоҳ доштани он ҷони худро дареғнадоштаанд.

         Саҳифаи навини давраи соҳибистиқлолии тоҷикон, ки ҷанги таҳмилӣ  ва шаҳрвандиро паси сар намуд, тавонист зери  сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Сарвари давлат дар муддати кўтоҳи  таърихӣ сазовори парчам, нишон ва суруди миллии хеш гардад, ки ин дар роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона дастоварди бузург ҳисобида мешавад, чунки муаррификунандаи ҳар як давлату миллат дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ рамзҳои миллии он ба ҳисоб меравад.

         Парчам ҷузъи асосии рамзи давлатдорӣ мебошад, ки раванди ба даст овардани он дар мамлакат ба як давраи ҳассосии сиёссии кишвар, ки давлатро бўҳрони сиёсӣ, нобасомониву нооромӣ фаро гирифта буд рост омад, ки миллати тоҷик тавонист тавассути ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамраъйии фарзандони фарзонааш ба ин дастоварди бузург ноил гардад. Заминаи асосии қабули парчами миллӣ ин баргузории Иҷлосияи XVI-и Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин иҷлосия сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ имконият дод, давлат соҳиби Сарвар ва парчами худ гардад, ки минбаъд муаррфикунандаи миллат маҳз ҳамин шахсияти таърихӣ зери ливои парчами миллии хеш баромад намуд.

         Имрўз бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатии худ, сулҳу оромӣ ва ҳамбастагӣ миллати тоҷик соҳиби давлат, парчам, нишон ва суруди миллии хеш мебошад, ки ин ҳама дастовардҳои таърихӣ мояи муборизаву ҷоннисориҳои чандинасраи ниёгонамон барои бунёду поянда нигоҳ доштани давлати миллии хеш мебошад, ки заминаи ҳуқуқӣ ва мустаҳкамгардонии парчам дар Конститутсияи давлат низ сурат гирифта, акнун дар асоси Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон рамзҳои давлатӣ ин парчам, нишон ва суруди миллӣ унвон карда шуд.

          Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар сокини мамлакатро мебояд то ин муқаддасторо ҳамешаву поянда ҳифз намуда, дар роҳи боло бардоштани парчами миллии хеш тамоми имкониятҳои худро сафарбар намоянд, чунки зиёиён, варзишгарон, ҳунармандон, ихтироъкорон ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути дониш, маҳорат ва  ҳунарнамоии худ дар арсаи ҷахон метавонад парчами миллии худро боло бурда, давлати миллии хешро зери ана ҳамин ливо  намояндагӣ намоянд ва бигзор парафшониви  пояндагии парчами миллии тоҷикон то абад поянда гардида, сулҳу оромӣ ва осудагии давлат нигоҳ дошта шавад.

         Дастёбӣ ба қабули парчами миллӣ ба ҳар як нафар ва ё миллат имкон надода, дар арсаи байналмилалӣ ҳазорон халқиятҳо ва миллатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд давлати соҳибистиқлоли худро ташкил намуда, парчами миллии худро парафшон намоянд, аммо ин имконият на ҳама вақт ба ҳар як кас даст медиҳад, чунки раванди бунёди давлату давлатдорӣ ва қабули парчаму нишони миллӣ бениҳоят душвор бурда, дар роҳи бадастории он ҳазорон шаҳрвандон ҷони худро қурбон намуда, иддае аз халқу миллатҳо ба ин дастовардаҳо имконият намеёбанд  ва имрўз мо ки соҳиби парчам, нишон ва суруди миллии хеш ҳастем, шукрона аз он бояд кунем, ки ин дастовардҳои бузрг насиби мо гардидааст ва моро мебояд тамоми имконият ва қувваи хешро дар роҳи пойдор нигоҳ доштани давлату миллати хеш сафарбар намоем, чунки ҳифзкунандаи парчам, нишон, суруди миллӣ ва давлат маҳз танҳо ҳамон шаҳрвандони он баромад намуда метавонаду халос.

         Рўзи қабули парчами миллӣ муборак ҳамватанони азиз!

Судияи суди ноҳияи Синои

 шаҳри Душанбе

Назарзода Н.О.

Какие амортизаторы выбрать - http://bestcars24.ru/chem-otlichayutsya-gazovye-amortizatory-ot-maslyanyx/ ? Газовые или маслянные?

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Тақвими рӯз

Сентябрь 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара