истиқлолият ва нақши низоми қонунгузорӣ дар таҳкими он.

u19a5274Ҳарфи тозае нахоҳем гуфт ва дунёи наверо кашф нахоҳем кард, агар боэътимод гӯем, ки пояи ҳуқуқии истиқлолияти давлатии ҳар кишвар ба низоми қонунгузории мустаҳкам устувор аст. Зеро соҳибистиқлолии давлат дар баробари ҷанбаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ба асосҳои қавии ҳуқуқӣ — қонунӣ такя менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин нигоҳ ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазоӣ ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъминкунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хидматиашон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд. Самараи чунин таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат аст, ки дар 26 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷи замон ва фароҳамоварандаи заминаҳои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, сол ба сол собиту маҳкамтар мегардад. Чунки Сарвари давлат ҳамчун роҳбари дурнигар ҳанӯз дар солҳои вазнини даргириҳои дохилӣ дарк намуда буданд, ки танҳо ҳарфу меъёри қонун ҷомеаро аз бенизомӣ ба низом ва аз вартаи нобудӣ ба арсаи бақову пойдорӣ оварда мерасонад. Гувоҳи равшани ин сухан ҳамон иҷлосияи такдирсози XVI Шӯрои Олии ҷумҳурист, ки аз нигоҳи қабули қонунҳои барои он замон зарурӣ ва саривақтӣ басо пурбор буд. Ва метавон гуфт, ки ҳамин иҷлосияи таърихӣ дар масири поягузорӣ ва ташаккули минбаъдаи фазоӣ ҳуқуқии даврони Истиқлолияти давлатӣ ва санги асос гузоштан ба бунёди кохи муҳташами ни­зоми қонунгузорӣ ва қонунэҷодкунии миллӣ нахустин талошу саҳмгузории шоиста ба ҳисоб мерафт.

Шояд байни кишварҳои гуногуни дунё кам давлати ба тозагӣ соҳибистиклолгаштае ёфт шавад, ки дар давраи ҷанги дохилӣ ба таҳия, муҳокимаи умумихалқӣ ва қабули конститутсияи худ икдом на­муда бошад. Аммо ҳақиқати пурифтихори таърихист, ки маҳз бо истодагарӣ ва ҳиссагузории арзандаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо вуҷуди вазъияти амалан ҷангии кишвар, раванди корҳои вобаста ба механизми эҷоду баррасӣ ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидо то ба анҷом тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуд. Ҳарчанд Конститутсияи ҷумҳурии мо дар замони низои мусаллаҳонаи дохилӣ таҳия ва қабул гардид, он аз ҷониби назарияшиносони муътабари илми ҳуқуқи ҷаҳонӣ аз нигоҳи мазмун, моҳият ва муқаррароту мух,тавои худ баҳои баланд гирифта, ба санади муҳим ва асосии аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳкимбахшандаи Истиқлолияти давлатӣ табдил ёфт.

Бамаврид аст, ин ҷо як сухани ҳақшиносонаи Пешвои муаззами миллатро зикр намоем, ки чӣ гуна мақом ва ҷойгоҳи Конститутсияро дар пояндагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон басо нуктабинона баён намудаанд: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ тахдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, ба­рои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба вахдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши такдирсозу ҳалкунанда бозид».

Пас аз тантанаи вахдати миллӣ талошу амалҳои созандаи сатҳи давлатӣ бобати ташак­кули низоми ҳуқуқиву қонунии давлатдории миллӣ доманаи васеъ касб намуд. Қабули ҳар қонуни нав пояи Истиқлолияти давлатиро мустаҳкамтар сохта, фазоӣ ҳукуқии ҷомеаро ғановати тоза мебахшид. Дар ин миён Пешвои миллат, ки мағзу ҷавҳари ташаббусу амалҳояшонро қонунмеҳварӣ ташкил медихад, дар нутқу суханронӣ, вохӯриву суҳбатҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба парламенти ҷумҳурӣ мавзӯи эҳтиром гузоштан ба қонун, таъмини волоияти он ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳукуқии шаҳрвандонро зикр менамуданд ва он то ба имрӯз низ аз забони Сарвари давлат борҳо таъкид мешавад. Чунин таъкид намуданҳои Президенти мамлакат мантиқӣ ва асоснок ҳам ҳаст, чун ба пиндорашон «рушди давлати демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳукуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».

Воқеан, таҳия ва мавриди амал қарор додани ҳатто беҳтарин ва мукаммалтарин санади қонунӣ са­мараи дилхоҳ нахоҳад дод, агар шаҳрвандон таҳти таъсири омили манфии пастии саводи ҳукуқиашон ба меъёрҳои он эҳтиром нагузоранд ва ба вайрон намудани муқаррароташ даст зананд. Аз ин рӯ, дар авлавият қарор додани ду самти муҳими таъминку­нандаи расидан ба як ҳадаф, яъне фароҳам сохтани пойгоҳу заминаи мустаҳками қонунӣ ва тақвияти ҳисси эҳтироми аҳолӣ ба меъёрҳои қонун тавассути тарбияи шаҳрвандони қонунписанд тавонист поя ва шоҳсутуни Истиқлолияти давлатиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ кувват ва тавони рӯзафзун бахшида, побарҷо нигоҳ дорад ва то дергоҳи таърих  онро пояндагӣ ато хоҳад намуд.

 

Раиси суди ноҳияи Синои

 шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

строительный помост фанера для опалубки

Тақвими рӯз

Май 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара