Баромади судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба рузи парчами давлатӣ

Хамдамзода Аличон Валихон - судяИмсол соли  ҳаштум аст, ки дар саро-сари кишварамон Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои барои давлату миллат бениҳоят арзишманд ботантана таҷлил карда мешавад. Moҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурой Олии Тоҷикистон, ки дар он такдири ояндаи давлати миллӣ таҳрезӣ гардида, ба суи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва вахдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон — Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон санаи 20-уми ноябри соли 2009, рузи 24 ноябрро Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рузи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид.

30 августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки баландтарин дар чаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчам 30 метр ва паҳноии он 60 метр мебошад.

Дар чаҳони муосир доштани Парчами миллӣ  нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми кeҳанбунёду фарҳанги мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатии Точикистон ҳамҳадами соҳибистикҳолии ватанамон буда, баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллй ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлати маҳсуб мешавад, ки дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурой Олии Чумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Аз он рузе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату  ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид  фароҳам оварда шуд. Равобиту дустиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имруз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи чаҳонй парафшон аст, ки мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Имруз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва накшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бигузор парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини диёрамон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазой озодии кишварамон парафшонӣ кунад. Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо ҷовидону парафшон бод.

Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад ҳамкасбони  азиз!

 

Судяи суди ноҳияи Синои

 шаҳри Душанбе                      

Ҳамдамзода А.В.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Тақвими рӯз

Ноябрь 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара