Баромади Раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди рузи қабули Конститутсия

u19a5274Ҳамкорони гиромӣ, ҳозирини арҷманд !

Дар таърихи давлати соҳибистикдоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун рузи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботананта таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо ҳамкорони  азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо тинҷию осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешрафт ва тинҷию оромӣ орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистоп муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии ин санади такдирсозро дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, чунин таъкид намудаанд:

“Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид”.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ муаррифӣ намуда, барои дар асоси равияҳои  гуногуни сиёсию мафкуравӣ рушд намудани ҳаёти ҷамъиятӣ имконият фароҳам овард. Аз ин ҷиҳат, мувофиқи таҳлили коршиносони созмонҳои байналхалқӣ он ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи конститутсияҳои бехтарини дунё эътироф гардидааст.

Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, аз беҳтарин падидаи санадҳои меъёрии кишварҳои мутамаддин ва арзишҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ бархурдор мебошад. Он аз меъёрҳои инсондустӣ сарчашма гирифта, марому мақсад ва иродаи кулли мардуми кишварро дар худ ба таври равшан таҷассум намудааст.

Фаъолият ва макоми ҳокимияти судӣ низ дар конститутсия мақоми хос дорад.

Чунин муқаррароти сатҳи олии хукукӣ имкон фароҳам овард, ки судҳо дар иҷрои уҳдадориҳояшон дар самти таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар асоси талаботҳои қонунҳои танзимкунанда амал намоянд.

Тантанаи ваҳдати миллӣ, вусъати корхои созандагиву бунёдкорӣ, рушду инкишофи устувор ва бомароми давлативу ҷамъиятӣ дар мархилаи имрўза бо такя ба мазмуну муқаррароти Конститутсия тавассути заминасозии боэтимод амалӣ гардида, дар давраҳои минбаъдаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба сатҳу сифати нави тавсеаи иқтисодиву беҳдошти ичтимоӣ Конститутсия чун нишонаи аввалин ва муқаддастарини соҳибистиқдолии давлати мо унсури асоси и заминасоз ва рукни муҳими мададрасон хоҳад буд.

Бори дигар, Шуморо бо солгарда Рузи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, оромию осудагии рўзгор, зиндагии шоиста ва сарбаландӣ орзу менамоям.

Раиси суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе

Рушанзода С.Р.

торрент скачать игры бесплатно

Тақвими рӯз

Май 2018
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
« Мар    
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031  

Рубрикаҳо

Сомонаҳои судҳои ҷумҳурӣ

Cуди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) Суди шаҳри Душанбе
2) Суди ноҳияи Фирдавсӣ
3) Суди ноҳияи Исмоили Сомони
4) Суди ноҳияи Сино
5) Суди ноҳияи Шоҳмансур
6) Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
7) Суди ҳарби-гарнизони шаҳри Душанбе
8) Суди шаҳри Ваҳдат
9) Суди шаҳри Роғун
10) Суди шаҳри Турсунзода
11) Суди ноҳияи Нуробод
12) Суди ноҳияи Рўдакӣ
13) Суди ноҳияи Файзобод
14) Суди ноҳияи Ҳисор
15) Суди ноҳияи Шаҳринав
16) Суди вилояти Суғд
17) Суди иқтисодии вилояти Суғд
18) Суди ҳарби гарнизонии шаҳри Хуҷанд
19) Суди шаҳри Хуҷанд
20) Суди шаҳри Конибодом
21) Суди шаҳри Исфара
22) Суди шаҳри Истаравшан
23) Суди шаҳри Истиқлол
24) Суди шаҳри Панҷакент
25) Суди шаҳри Қайроқум
26) Суди ноҳияи Б.Ғафуров
27) Суди ноҳияи Ҷ. Расулов
28) Суди ноҳияи Зафаробод
29) Суди ноҳияи Спитамен
30) Суди ноҳияи Ғончӣ
31) Суди ноҳияи Айнӣ
32) Суди ноҳияи Ашт
33) Cуди ноҳияи Мастчоҳ
34) Cуди ноҳияи Кўҳиcтони Мастчоҳ
35) Cуди ноҳияи Шаҳристон
36) Суди Вилояти Хатлон
37) Суди ҳарби-гарнизони Вилояти Хатлон
38) Суди иқтисодии вилояти Хатлон
39) Суди шаҳри Қурғонтеппа
40) Суди ноҳияи Бохтар
41) Суди ноҳияи Ч. Руми
42) Суди ноҳияи Қумсангир
43) Суди ноҳияи Қубодиён
44) Суди ноҳияи Н. Хусрав
45) Суди ноҳияи Хуросон
46) Суди ноҳияи Ёвон
47) Суди шаҳри Кўлоб
48) Суди ноҳияи Восеъ
49) Суди ноҳияи Фархор
50) Суди ноҳияи Ховалинг
51) Суди ноҳияи Балҷувон
52) Cуди ноҳияи Дангара